ФДССХХ

Дар бораи филиали донишгоҳ

ФДССХХ – ин беҳтарин макон барои шахсони фикронии умумиҷаҳонидошта буда, барои онҳо таҳсил ҳамчун ҳаёти намунавӣ ва дастовардҳои муҳим ба шумор меравад, арзи ҳастӣ дорад. Дар инҷо ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муттаҳиди ҳамфикр дар раванди таълим Шуморо интизоранд. Ҷиҳати тарбияи насли нави олимартаба аз қабили гуногунии миллатҳо, фарҳанг, нигоҳи байналмиллалӣ, руҳбаландии соҳибкорӣ дар ФДССХХ мебошанд.

Донишгоҳи мо – ҳамчун МТО-и бонуфузи давлатӣ таърихи беш аз 30 сола дошта, ҳоло дар он якчанд ҳазор донишҷӯён аз минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ба мо ҳамсояҳои хориҷӣ (Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) таҳсил доранд. Бо назардошти рейтинги муқарраркардаи ВМИҶТ Донишкадаи мо дар байни 40 Донишгоҳҳову Донишкадаҳои бонуфузи кишвар ҷои 7-умро ишғол менамояд.

Давра ба давра рушди сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон омода кардани мутахассисони баланди касбиро тақозо менамояд. Филиали донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба тайёр намудани чунин мутахассисон машғул мебошад. Донишҷӯёни мо дар рафти машғулиятҳои фаъолу муфид, бозиҳои корӣ, фаъолияти барномасозӣ донишҳои асоснокро дар бораи соҳаҳои асосӣ омӯхта, одобу ахлоқ, менеҷменти ташкилотҳо, қоидаҳои тиҷорат ва соҳибкориро аз худ менамоянд. Дар заминаи омода кардани мутахассисон таҷрибаомӯзии касбӣ ворид карда шудааст, ки ин ба он далолат мекунад, ки донишҷӯён аллакай дар курсҳои сеюм ва чорум бо сифати баланд нақша барномаҳои тиҷоратии ташкилотҳои марбут ба сайёҳиро мураттаб сохта, сайёҳии муосир ва маҳсулотҳои меҳмонхонаҳо инчунин талаботи истеъмолкунандагонро таҳил менамоянд. Дар Филиали Донишкада фанҳои иқтисодиёт, хизмати меҳмонхонаҳо, менеҷменти ташкилотҳои сайёҳӣ, коркарди маҳсулоти озуқавории сайёҳӣ ва дигар ихтисосҳои касбиро меомӯзанд. Аксари хатмкунандагон даъватномаҳои ташкилотҳои азими сайёҳии ватаниро ҷиҳати таъминот бо ҷои кори доимӣ соҳиб мегарданд. Дар давраи таҳсил дар Филиали Донишкада донишҷӯён на танҳо коркарди маҳсулотҳои инноватсиониро барои бозори иқтисодӣ ва сайёҳиро ба роҳ мемонанд, ҳамчунин арзёбии хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, таҳлили дархости истеъмолкунандагон, таҷрибаи муайян кардани бартарии намудҳои нави маҳсулоти соҳаи сайёҳиро меомӯзанд. Дар Филиали Донишкада ҷамъияти бисёрзабони фароҳам мебошад. Дар доираи аз худ кардани фанҳои тахассусӣ, инчунин дар давраи таҳсил омӯзиши фанни забони англисӣ ва аз курси дуюм сар карда ихтиёран омӣӯзиши забонҳои олмонӣ, хитоӣ, арабӣ ва дигар забоҳо ба роҳ монда шудааст. Дар барномаи таълимӣ ҳамчунин таҷрибаомӯзӣ дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи сайёҳӣ, ташкилотҳои давлатию тиҷоратӣ аз рӯи ихтисосҳо, ки на танҳо мутахассиси оянда, балки метавонанд алоқаҳои бозоргонӣ ва фарҳанги танзими соҳаро аз бар намоянд. Бакалаврҳо ва магистрон давра ба давра аз курс ба курс таҷрибаомӯзиро дар ҳамаи зинаҳо аз мутахассиси оддӣ то менеҷери олӣ мегузаранд. Бо ташабуси ҳамкорони хориҷӣ донишҷӯён метавонанд, ки фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасониро дар бозори ҷаҳонии саноати сайёҳӣ амалӣ намоянд.

Асрорзода Убайдулло Саттор – Ректори МД “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин – Мутасаддии Филиали МД “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд), номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.