ФДССХХ

Маълумот дар бораи факултетҳо

Дар Филиали МД “Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) ду факултет ва чор кафедра амал мекунад. В системе Филилале ГОУ “Института туризма, предпринимательства и сервиса” в г. Худжанд действуют два факультета и четыре кафедры. Факултети гумрук, молия ва хизмат фаъолияти таълимӣ-методӣ ва тарбиявии худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъсулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Низомнома ва дастурамалҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва инчунин Низомномаи Филиали МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” дар ш. Хуҷанд ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондааст.

Факултети гумрук, молия ва хизмат

Факултети гумрук, молия ва хизмат ҳамчун ҷузъи таркибии Филиали МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб меёбад. Дар сохтори таркибии факултет ду кафедра амал мекунад, ки яке аз онҳо кафедраи молия ва қарз, ва дигар гумрук, менеҷмент ва хизмат мебошанд. Кафедраҳои мазкур фаъолияти таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмии худро баҳри тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи гумрук, молия ва хизмат равона кардааст.

Факультет таможни, финансов и сервиса

Факультет таможни, финансов и сервиса является одним из главных составляющих Филиала ГОУ “Института туризма, предпринимательства и сервиса” в г. Худжанд. На факультете функцианируют две кафедры: Кафедра финансов и кредита; Кафедра таможни, менеджмента и сервиса.

Факултети иқтисодиёт, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ

Фаъолияти таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар факултет дар асоси cтандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар сохтори таркибии факултет ду кафедраи тахассусӣ амал мекунанд: Кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ; Кафедраи сайёҳӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ. Фаъолияти кафедраҳои мазкур дар соҳаҳои таҳлили иқтисодӣ, муҳосибӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва омор равона гардидааст.

Номгӯи ихтисосҳо

text.dictionary.courses.BParagraph}

  1. Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ-1-25010717
  2. Идораи давлатӣ-1-26010100
  3. Кори бонкӣ-1-25010402
  4. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат-1-25010805
  5. Менеҷменти молиявӣ-1-25010410
  6. Молия ва қарз-1-25010400
  7. Технология ва низоми иттилоотӣ . (дар иқтисодиёт)- 1-40010202
  8. Андоз ва андозбандӣ-1-25010403
  9. Хадамоти гумрук-1-96010100
  10. Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика).- 1-27010110